Июн 16, 2022 18:43 Asia/Dushanbe
  • Олампиадаи маъюбони вазнабардории Осиё ва Уқёнися, Муҳсини Бахтиёрӣ 4 медали тилло ва нуқра касб кард
    Олампиадаи маъюбони вазнабардории Осиё ва Уқёнися, Муҳсини Бахтиёрӣ 4 медали тилло ва нуқра касб кард

Муҳсини Бахтиёрӣ дар мусобиқоти пара вазнабардории Осиё ва Уқёнусия, муваффақ ба касби 3 медаи тилло ва 1 медали нуқра шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо рақобатҳои вазнабардории озоди қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи 2022 ба мизбонии Кореаи Ҷанубӣ дар ҳоли баргузори аст ва имрӯз Муҳсини Бахтиёрӣ милипуши дастаи 59 килограми Эрон ба унвони дувумин намояндаи Эрон ба руи саҳнаи вазнабардори рафт.

Ӯ дар ҳаракати аввали худ тавонист вазнаи 177 килограмиро болои сар бардошт, милипуши Эрон дар ҳаракати дувум вазнаи 181 килограмиро болои сар бурд. Намояндаи вазнабардории Эрон дар ҳаракати севвуми худ муваффақ ба бардоштани вазнаи 185 килограми шуд ва медали тилло ва унвони қаҳрамонии рақобатҳоро дар бахши инфироди аз он худ кард.

Ҳамчунин милипуши Эрон дар маҷмуъ бо бардоштани 543 килограм вазна тавонист медали тиллои маҷмуъ дар қисмати мусобиқоти Осиё-Уқёнусия ва як нишони нуқра дар маҷмуъи мусобиқоти озодро аз они худ кунад то дувумин рӯзи рақобатҳо бо 3 медали тилло ва 1 нуқра барои тими Эрон ҳамроҳ бошад.

Дар идомаи мусобиқот фардо ҷумъа намояндагони Эрон Амир Ҷаъфарӣ ва Алии Сайфӣ дар дастаи 65 килограми мардон ва дар дастаи 86 килограмаи бонувон ба масофи ҳарифони худ мераванд.

 

Барчасп