Июл 01, 2022 19:36 Asia/Dushanbe
  • ОПЕК: Даромади нафтии Эрон бо афзоиши 3 баробарӣ аз 25 миллиард доллар гузашт

Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) аз рушди 77 дарсадии даромади нафтии ин созмон дар соли 2021 хабар дод ва эълом кард, Эрон дар ин сол беш аз 25 миллиард доллар даромад аз ҳисоби содироти нафт касб кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафти хом дар гузориши солонаи худ бо эъломи даромади 560 миллиарддолларии ин созмон аз фурӯши нафт дар соли 2021 тасреҳ кард, ин рақам нисбат ба соли қабл аз он 77 дарсад афзоиш ёфтааст.

Даромади 13 узви ОПЕК аз содироти нафт дар соли пеш аз он 317 миллиард доллар эълом шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, Эрон аз ҳисоби фурӯши нафт дар соли 2021 беш аз 25 миллиарду 313 миллион доллар даромад касб кардааст.

Эрон дар соли 2020 болиғ бар 7 миллиарду 914 миллион доллар даромад аз ҳисоби содироти нафт касб карда буд.

 

Барчасп