Август 14, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири кори Эрон : Фасли навине аз таъомулоти маҳоратии байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон оғоз мешавад

Муовини вазири кор ва раиси созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаи(касби)и Эрон аз оғози фасли навини таъомулоти маҳоратии байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонуломҳусайни Ҳусайниниё- муовини вазири кор дар дидор бо Низомиддин Зоҳидӣ-сафири Тоҷикистон дар Эрон бо таъкид бар тадвини нақшаи роҳ барои иҷроӣ кардани ҳамкориҳои омӯзишӣ ва маҳоратии байни ду кишвар изҳор дошт : Кишвари Эрон омодагии табодули таҷориби маҳоратии худро ба кишварҳое монанди Иморот, Аммон, Ироқ ва Афғонистон эълом кардааст ва бо кишвари Тоҷикистон низ фаъолияти омӯзишии худро оғоз мекунад .
Вай бо ишора ба таъкиди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар хусӯси густариши таъомулоти маҳоратӣ бо Эрон ва ҳамкории вазорати меҳнати ин кишвар бо созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Эрон афзуд : Мураббиёни озмудаву муҷаҳҳаз ба илми рӯзи кишвари Эрон  омодагии табодули таҷрибиёт бо мураббиёни он кишвар ва ироаи омӯзишҳои маҳоратӣ ба мутақозиёни маҳоратомӯзиро доранд .
Муовини вазири таъовун ,кор ва рифоҳи иҷтимоӣ дар идома эълом кард : Ин созмон бо доштани 640 маркази омӯзишӣ ва коргоҳҳои омӯзишии муҷаҳҳаз ва беш аз 12 ҳазор омӯзишгоҳи фаннӣ ва ҳирфаии озод, омодагии эъзоми мураббӣ ва интиқоли донишу маҳорати омӯзиши худ ба мураббиёни Тоҷикистонро дорад .
Дар идомаи ин дидор сафири Тоҷикистон эълом кард : Ҳадафи мо  роҳандозии марокизи маҳоратомузии Эрон ба хусӯс барои омӯзиши қишри бузургсолу бозомӯзии дубораи кормандону ҳунурмандон ва омодагӣ дорад то аз тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ  эъзоми мураббиён, даъват аз мураббиёни кишвари худ ба Эрон дар ҷиҳати маҳоратомӯзӣ ва ё иртиботи мустақим бо марокизи маҳоратомӯзии созмон ба табодули таҷрибиёт бо Эрон бипардозад .
Зоҳидӣ дар ин дидор бо тавваҷуҳ ба таъкиди раиси ҷумҳӯри кишвараш дар сафар ба Эрон, хостори омузиши вижа дар ду риштаи маҳоратии саноеъи ғизоӣ ( ширинипазӣ ва қаннодӣ ) ва ҳунарҳои дастӣ ( қолибофӣ ) ба маҳоратҷӯёни тоҷик шуд .

 

Барчасп