Сентябр 24, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Ҳукми содираи додгоҳи Шветсия алайҳи  Ҳамиди Нурӣ, фоқиди ҳаргуна ваҷоҳат ва салоҳияти қонӯнӣ аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон, дар дидор бо вазири умӯри хориҷаи Шветсия таъкид кард: Ҳукми содираи додгоҳи Шветсия алайҳи Ҳамиди Нурӣ, шаҳрванди эронӣ, фоқиди ҳаргуна ваҷоҳат ва салоҳияти қонӯнӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи ҷумъа ба вақти Ню-Йорк бо Анн Линде, вазири умӯри хориҷаи Шветсия дидор ва дар бораи масоили муҳими дуҷониба ва мавзуоти консулии фимобайн, аз ҷумла шароити Ҳамиди Нурӣ, шаҳрванди эронӣ табодули назар кард.

Нерӯҳои амниятии Шветсия, Ҳамиди Нуриро, ки 9 ноябри 2019 барои дидор бо хонаводааш ба ин кишвар рафта буд, боздошт карданд ва аз он замон токунӯн дар зиндон басар мебарад.

Додситонии Шветсия, Нуриро ба даст доштан дар ҳаводиси иддаоии марбӯт ба 34 соли пеш дар Эрон муттаҳам кардааст ва шокиёни ин парванда низ умдатан аъзои гурӯҳаки террористии мунофиқин ҳастанд.

Нурӣ дар ин муддат илова бар нигаҳдорӣ дар селлули инфиродӣ, дар мақотеъи тӯлонӣ имкони тамос бо хонаводаи худро низ надоштааст.

Амир Абдуллоҳиён дар ин дидор гуфт, набояд иҷоза дод тарафе солис дар ростои манофеи гурӯҳӣ ва ё сиёсии худ бар равобити таърихӣ ва амиқи ду кишвар таъсири сӯ бигузоранд.

Вай ибрози умедворӣ кард, ки равобити деринаи ду кишвар бо талошҳои мутақобили шоҳиди тавсеаи беш аз пеш дар заминаҳои гӯногӯн бошад.

Линде низ дар ин дидор бо ишора ба вуҷӯди рӯҳи қонӯн ва равияҳои мустақили судӯри ҳукм дар миёни дастгоҳҳои қазоии кишварҳои мухталиф гуфт, истимрори машварат миёни вазирони хориҷа дар ин замина ба дарки муштарак аз мавзуоти консулӣ аз ҷумла таҷдиди назар дар бархе парвандаҳо кумак хоҳад кард.

Тарафайн дар ин дидор бар тадовуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар дар сутӯҳи мухталиф, таъкид карданд.

 

Барчасп