Октябр 01, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамакнун авзоъи ин шаҳр ором гузориш шудааст
    Ҳамакнун авзоъи ин шаҳр ором гузориш шудааст

Дар пайи ҳамлаи мусалаҳонаи террористӣ дар рӯзи ҷӯмъа гурӯҳаки террористии Ҷайшул-Адл (Ҷайшул-Зулм) дар шаҳри Зоҳидон дар ҷанубу шарқӣ Эрон ва иқдом барои ишғол қароргоҳи полиси ин шаҳр 19 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, теъдоде аз ашрори мусаллаҳ рӯзи гузашта ( ҷӯмъа 30 сентябр) аловабар тирандозӣ ба масҷиди ин шаҳр дар ин шаҳр бо ҳадафи куштори намозгузорон ва шаҳодати чандин тан аз намозгузорон, иқдом ва  тирандозӣ ба  қароргоҳи полиси ин шаҳр (калонтарии шумораи16) бо ҳадафи ишғоли ин калонтари карданд, ки бо муқовимати нерӯҳои полис ба ҳадафи худ нарасидаанд.

Ду узвӣ муҳими гурӯҳи  Ҷайшул-Адл (Ҷайшул-зулм) аз ҷумла Абдулмаҷиди Регӣ  ва  Ёсири Шаҳбахш ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин ҷиноёти террористӣ Сайидҳамид Ризои Ҳошимӣ муовини иттилоотии Сипоҳи устони Систон ва Балучистон, ки дар муқобила бо террористҳои ҷинояткор маҷрӯҳ шуда буд ба шаҳодат расид.

Сипоҳи Систон ва Балуҷистон дар ҷануб ва шарқӣ Эрон дар маҳкумияти ҳаводиси Зоҳидон дар баёнияе таъкид кард, нерӯҳои муқтадир ва мусамами иттилоотӣ амниятӣ ва интизомӣ бо қотеъият ба тафриқа афканиҳо ва ҷинояти муздурон посӯх хоҳад дод.

Дар баёнияи Сипоҳ омадааст: Мардуми шариф ва шаҳидпарвари Зоҳидон зуҳри ҷӯмъа баъд аз поёни намози ҷӯмъаи Зоҳидон, шоҳид воқеъаи талх ва ногувори ҳамлаи ашрор ва таррористҳои мусаллаҳ вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ ва муздурони Ҷайшул-Адл (Ҷайшул-зулм) ба чандин қароргоҳи интизомӣ ва низомӣ ва  ба дунболи ин даргири ва тирандозии  кур ва ҷинояткорони онон дар хиёбонҳо ва маобири умумӣ дар сатҳи шаҳр буданд, ки мунҷар ба ҳалокати деъдоде аз террористҳои таҷзияталаб ва маҷрӯҳ шудани чанд тан аз нерӯҳои амниятӣ, низомӣ ва интизомӣ ва теъдоде аз шаҳрвандон шуд.

Ҳамакнун авзоъи ин шаҳр ором гузориш шудааст. 

Барчасп