Октябр 22, 2022 12:09 Asia/Dushanbe
  • Муовини умӯри байналмиллалии қувваи қазоияи Эрон хабар дод : Ташкили парвандаи қазоӣ зидди Амрико дар бораи дахолат дар иғтишошоти ахир

Дабири ситоди ҳуқуқи башар ва муовини умӯри байналмиллалии қувваи қазоияи Эрон гуфт : Парвандаи ҳуқуқӣ дар додгустарии Теҳрон барои таъйини хисорот ташкил ва раъйи лозим зидди Амрико ба далели доштани нақши мустақим дар иғтишошҳои ахир содир мешавад .

Бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар мӯҷиб шуд то душманони хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аз он ба масобеҳи фурсате барои мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чи бештари ошӯбҳо истифода кунанд .
Дар иғтишошоти ахир сарони сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо, расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии муонид мавриди ҳимояти Ғарб аз як рухдоди ғамангез дар ҳоли баррасии сӯистифода карданд ва бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон дар ҳимоят аз иғтишошгарону барҳамзанандагони амнияти миллат санги тамом гузоштанд. Дар ҳамин ҳол миллионҳо нафар аз миллати Эрон дар хиёбонҳову маёдини кишвар дар ҳимоят аз низому кишварашон ва мухолифати қотеъ бо ошӯбу иғтишош ҳузур ёфтанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ-дабири Ситоди ҳуқуқи башар ва муовини умӯри байналмиллалии қувваи қазоияи Эрон афзуд : Ба далели дахолату нақши мустақими Амрико дар иғтишошоти ахир, муқарар шуд парвандаи ҳуқуқӣ дар додгустарии Теҳрон барои таъйини хисорот ташкил ва раъйи лозим зидди ин кишвар содир шавад .
Дабири ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо ишора ба нақши мухарриби шабакаҳои телевизиюнии " Эрон интернашнол " ва " Би Би Си форсӣ " дар ҳидояту таҳрик ба иғтишош, тахриби амволу таҷҳизоти умумӣ ва хусӯсӣ, иқдомоти террористӣ ва ироаи омӯзишҳои чигунагии эҷоди даргирӣ ва сохти васоили марбута, гуфт : Ин ду шабакаву авомили он бояд ба феҳристи гуруҳҳову афроди террористӣ изофа шаванд .
Ба гуфтаи дабири Ситоди ҳуқуқи башар ва муовини умӯри байналмиллалии қувваи қазоияи Эрон, нақши кишварҳои мизбону ҳомии шабакаҳои форсизабон, яъне Англису Арабистони саъӯдӣ низ аз сӯии дастгоҳҳои зирабти ҳокимият мағфул нахоҳад монд .
Муовини умӯри байналмиллалии қувваи қазоияи Эрон ба ҳамалоти суратгирифта зидди амокину ашхоси дипломатии Эрон дар бархе кишварҳо низ ишора кард ва гуфт : Ҳамаи амокину маъмурони дипломатӣ нисбат ба ҳар гуна таҷовуз, таъарруз ва эҷоди хисорат масуният доранд ва кишвари пазирандаи вазифаи хосе барои иттихози ҳамаи тадобири лозим ба манзури ҳифозату ҷилавгирӣ аз таҳоҷуму эроди хисорат ба амокину маъмурони дипломатӣ дорад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп