Ноябр 19, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон : Сукут дар баробари ҳамалоти террористӣ дар Эрон пайомаде ҷуз тақвияти тероризм надорад

Вазорати умӯри хориҷа дар баёнияе бо маҳкум кардани иқдомоти террористӣ дар шаҳрҳои Изе, Исфаҳон, Машҳад таъкид кард : Бидуни тардид сукути барқасдонаи мураввиҷони хориҷии ошӯбу хушунат дар Эрон дар баробари ошкортарин амалиёти террористӣ дар чанд шаҳри Эрон пайёмаде ҷуз ташвиқи террористҳову тақвияти тероризм дар густараи гетӣ надорад .

2 нафари савор бар мотосикл бо силоҳи ҷангӣ 16 ноябри 2022 ба самти мардуми Изе дар устони Хузистон ( ҷануби Эрон ) тирандозӣ карданд, ки бар асари он 7 нафар шаҳид ва 10 нафар низ захмӣ шуданд .
Дар паи ҳамлаи террористии ду  мотосиклсавор ба самти мудофеъони амният дар Исфаҳон ( маркази Эрон ) се нафар аз неруҳои ҳофизи амният ба шаҳодат расиданд ва як нафари дигар маҷрӯҳ шуд .
Аъзои гурӯҳакҳои террористӣ ҳамчунин дар шаҳри Машҳад ду басӣҷии мудофеъи амниятро ба шаҳодат расонданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар баёнияи имрӯз ( шанбе )-и Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон омадааст : Дар рӯзҳои ахир миллати шарифи Эрон ва ҷомеъаи байналмиллалӣ шоҳиди иқдомоти муҷримонаи гуруҳе аз террористҳои бераҳм алайҳи шаҳрвандони бегуноҳ ва мудофеъони амнияти Эрон дар шаҳрҳои Изе,Исфаҳон ва Машҳад буданд .
Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин баёния ин ҳамалоти шуми террористиро қавиян маҳкум кард ва шаҳодати ҳамватанонро ба ҳамаи мардуми Эрон ба хусӯс хонаводаҳои доғдори шаҳидон таслият гуфт .

Дар ин баёния омадааст душманон ва муонидини низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ ва миллати шарифу бузурги Эрон моҳияти ҷинояткоронаи худро пушти ниқоби дуруғини дилсӯзӣ барои мардум ва фарзандони ин кишвар пинҳон мекунанд .
Вазорати умӯри хориҷа дар баёнияи худ овардааст аз манзари муқаррарот ва ҳанҷорҳои байналмилалӣ тероризм дар ҳар шаклу замону макон маҳкум аст ва вазифаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва маҷомеъи байналмиллалӣ масъул аст, то бо маҳкум кардани иқдомҳои террористии ахир дар Эрон иҷоза надиҳанд ҳарими эмин барои хушунатталабон ва ҷараёнҳои ифротӣ, ки тадовуми зисти онҳо дар тарвиҷи нооромӣ, нафратпароканӣ, таниш, ошуб ва иғтишош аст, эҷод шавад .
Дар ин баёния таъкид шудааст Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси мавозини ҳуқуқи байналмиллал ва мунтабиқ бо қонунҳову муқаррароти худ ҳақи хешро барои пайгирии ҳуқуқӣ ва қазоии иқдомоти террористии иртикобии терруристҳо ва давлатҳои ҳомии онҳо маҳфӯз медонад .

 

 

 

Барчасп