Ноябр 25, 2022 20:09 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонии Чофӣ
    Носири Канъонии Чофӣ

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба давлатмардони Англия тавсия кард: Тавони худро ба ҷои иттиҳомзанӣ ба Эрон, сарфи эҷоди субот дар давлати худ, тавваҷуҳ ба мутолиботи густардаи мардуми кишваратон ва рафъи табъизу ситам алайҳи муҳоҷирон ва мусулмонон кунед.

Ҷеймс Клеверли, вазири умури хориҷаи Англия бори дигар бо мудохила дар умури дохилии Эрон, бо интишори паёме дар ҳимоят аз иғтишошоти Эрон ба Эрон иттиҳом заду навишт: «Режиме, ки ба таври золимона мардуми худро дар дохили хона саркӯб мекунад, қатъан таҳдиде барои дӯстону ҳампаймонони мо дар хориҷ аст.

Дар ҳамин росто Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа ба изҳороти мутаваҳҳимонаву мудохилаҷӯёнаи вазири хориҷаи Англия дар мавриди таҳаввулоти дохилии Эрон, ҳуқуқи Эрон дар баҳрабардории сулҳомез аз энержии ҳастаӣ ва нақши минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон вокуниш нишон дод ва ин изҳороти мутаваҳҳимонаву мудохилаҷӯёнаро ба шиддат маҳкум карду мардуд хонд.

Канъонии Чофӣ хотирнишон кард: Англия ба ҷои тарҳи иттиҳомоти такрорӣ ва беасос дар мавриди нақши Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа, беҳтар аст аз тафриқаафканӣ байни кишварҳои минтақа ва мушорикат дар ҷиноят алайҳи башарият, ба хотири фурӯшҳои миллиардии таслеҳоти маргбор ба бархе муштариёни минтақаӣ даст бардоштаву сулҳу суботи минтақаиро ба худи кишварҳои минтақа биспорад.

 

Барчасп