Декабр 10, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати имоми ҷумъаи аҳли суннати масҷиди Имом Ҳусайн ( а )-и шаҳристони Хоши Эрон

Шӯрои таъмини устони Систону Балӯчистони Эрон аз шаҳодати имоми ҷумъаи аҳли суннати масҷиди Имом Ҳусайн ( а )-и шаҳристони Хош хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин шӯро дар баёнияе эълом кард бар асоси гузоришоти аввалия мавлавӣ Абдулвоҳиди Регӣ-имоми ҷумъаи аҳли суннати масҷиди Имом Ҳусайн ( а )-и шаҳристони Хош дар ҷанубу шарқи Эрон аз мавлавиҳои шохиси минтақа тавассути афроди ношинос рӯзи панҷшанбе рабуда ва ба шаҳодат расидааст .
Ӯ ба унвони яке аз намодҳои ваҳдат дар устони Систону Балӯчистони Эрон шинохта мешуд .
Имоми ҷумъаи аҳли суннати масҷиди Имом Ҳусайн (а)-и Хош пеш аз ин дар гуфтугӯе, ки бо намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, ки ба Систону Балӯчистон эъзом шуда буд гуфта буд : « Мо огоҳ ҳастем ки мунофиқону душманон чи нақшаҳову тарроҳиҳое доранд . Мо ғайр аз ислом, низоми исломӣ, Эрон ва ухувват бо шиъа ҳарфӣ надорем . »
Мавлавӣ Абдулвоҳиди Регӣ бо ишора ба иртиботи наздики аҳли суннати Систону Балӯчистони Эрон бо бародарони шиъа тасреҳ кард : « Мо ин мамлакатро дӯст дорем, Раҳбари муаззами инқилоб дӯсти мо ҳастанд ; ин мамлакат баъд аз ин низоми исломӣ ба дарди мо, ба дарди дину ислом ва ҳатто ба дарди номӯси муслимин намехӯрад. »
Имоми ҷумъаи аҳли суннати масҷиди Имоми Ҳусайн ( а )-и Хош бо баёни инки аз ҷониби гурӯҳакҳои муонид таҳдид шудааст, таъкид кард: Касе ки аз марзи худ дифо накунад, номӯс надорад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп