Декабр 13, 2022 18:36 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Мавозеъи раиси Ҷумҳурии Чин дар сафари ба минтақа сабаби гилоямандии Эрон шуд
    Раисӣ: Мавозеъи раиси Ҷумҳурии Чин дар сафари ба минтақа сабаби гилоямандии Эрон шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Бархе мавозеъи матраҳшуда дар сафари ахири раиси Ҷумуҳрии Чин ба минтақа сабаби гилоямандии миллат ва давлати Эрон шуд.

Ҳу Чун Ҳуво, муъовини нахуствазири Чин, ки ба манзури рушди равобити ду кишвар дар сарварии ҳайати тиҷорӣ ва иқтисодӣ аз дируз душанбе вориди Теҳрон шуда аст дар идомаи дидорҳо ва барномаҳои худ имруз сешанбе ба дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин дидор бо баёни ин ки равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин аз аввали пирузии инқилоби исломӣ ҳамвора дар ҳоли густариш буда аст гуфт: Бархе мавозеъи матраҳшуда дар сафари ахири раиси Ҷумҳурии Чин ба минтақа сабаби нохурсанди ва гилоямандии миллат ва давлти Эрон шуд ва мутолебаи ҷиддии Эрон ҷуброни мавозеъи баёншуда аст.

Ҳу Чун Ҳуво, муъовини нахуствазири Чин низ дар ин дидор зимни иблоғи саломи Си Ҷин Гин, раиси Ҷумҳурии Чин ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар иродаи Чин барои рушди равобит бо Эрони қави ба унвони роҳбурди доими ин кишвар ва тағирнопазири ин ирода таъкид карду гуфт: Чин ҳамвора ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром гузошта ва аз талоши Эрон барои таъмини манофеъи асосии худ ҳимоят мекунад.

 

Барчасп