Январ 26, 2023 10:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ҳадафи ҳамалоти истикбор асли Ислом ва Қуръон аст
    Раҳбари инқилоб: Ҳадафи ҳамалоти истикбор асли Ислом ва Қуръон аст

Раҳбари инқилоби Эрон дар вокуниш ба иҳонат ба Қуръони карим дар чанд кишвари аврупоӣ таъкид карданд: Иҳонати ҷунуномез ба Қуръон бо шиори озодии баён нишон медиҳад, ҳадафи ҳамалоти истикбор асли Ислом ва Қуръон аст.

Шанбеи гузашта Расмус Палудан, раиси ҳизби рости ифротии «Хати сахт»-и Дания як нусха аз Қуръонро наздики сафорати Туркия дар Стокголм, дар миёни тадобири шадиди амниятии полис сӯзонд.

Ин иқдоми Палудан бо маҳкумияти шадиди мусулмонон ва кишварҳои исломӣ мувоҷеҳ шуд ва аз давлати Шветсия низ ба далели ҷилавгирӣ накардан аз ин иқдом интиқод шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия, Миср, Кувайт, Иморот, Алазҳари Миср, Маҷмаъи ҷаҳонии уламои мусулмон, Қатар, Арабистон, Индонезия, Урдун, Марокаш, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Шурои ҳамкории халиҷи Форс, Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷумбишҳои ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҷумлаи кишварҳо ва ниҳодҳое буданд, ки алайҳи ин иқдоми тавҳиномез мавзеъгирӣ карда ва онро маҳкум ва хостори адами такрори он ва муҷозоти омилони он шуданд.

Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ бо интишори матлабе дар сафҳаи Твиттери арабии худ, мавзеъгирии Раҳбари инқилоби Эрон дар бораи иҳонати ҷунуномез нисбат ба Қуръони карим дар чанд кишвари аврупоиро мунташир кард ва навишт: “Иҳонати ҷунуномез ба Қуръон бо шиори озодии баён нишон медиҳад ҳадафи ҳамалоти истикбор асли Ислом ва Қуръон аст”.

Раҳбари муаззами инқилоб дар идомаи ин матлаб хотирнишон карданд, бо вуҷуди тавтеаи истикбор Қуръон рӯз ба рӯз пурфурӯғтар шудаву оянда аз они Ислом аст. Ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон бояд дар канори мусулмонон бо сиёсати палиди тавҳин ба муқаддасоту нафратпароканӣ муқобила кунанд.

 

Барчасп