Феврал 06, 2023 19:16 Asia/Dushanbe
  • Тафсир- Афви муттаҳамону маҳкӯмони иғтишошоти ахир аз сӯи Раҳбари инқилоб; намоиши иқтидори низом ва раъфати исломӣ

Ба муносибати фарорасидани 44-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва аъёди моҳи раҷаб, Раҳабири муаззами Инқилоби Исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти бисёре аз муттаҳамон ва маҳкӯмони иғтишошоти ахир мувофиқат карданд.

Дар номаи пешниҳодии ҳуҷҷатулислом валмуслимин Эжаӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон ба мақоми муаззами раҳбарӣ омадааст: Дар ҷараёни ҳаводиси ахир теъдоде аз афрод бавижа ҷавонон дар асари илқоот ва таблиғоти душман муртакиби рафторҳои нодуруст ва ҷароиме шуданд, ки илова бар гирифторӣ барои худ, боиси заҳмати хонавода ва наздикони хеш гардиданд ва акнӯн теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз онон, баъд аз бармало шудани нақшаи душманони хориҷӣ ва ҷараёнҳои зидди инқилоб ва зидди мардумӣ бо изҳори пушаймонӣ ва надомати тақозои бахшиш доранд.

Бар асоси асли 110 қонӯни асосӣ, ки вазоиф ва ихтиёроти Раҳбари инқилоби исломӣ дар он мушаххас шуда, «афв ё тахфифи муҷозоти маҳкӯмин дар ҳудӯди мавозини исломӣ пас аз пешниҳоди раиси қувваи қазоия» аз ҳудӯд ва ихтиёроти раҳбарӣ аст.

Аз ин рӯ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз ибтидои давраи раҳбарӣ дар соли 1368 дар муносибатҳои мухталиф, бархе маҳкӯминро мавриди афв ва тахфифи муҷозот қарор додаанд ва бисёре аз маҳкӯмони кайфарии додгоҳҳои ом ва ихтисосӣ, ба дафъот аз мазоёи афви раҳбарӣ бархӯрдор шудаанд.

Аммо мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо афву тахфифи муҷозоти бисёре аз муттаҳамон ва маҳкӯмони иғтишошоти ахир ҳовии нукоти муҳимме аст, ки беш аз пеш бояд онро нишондиҳандаи тадбири раҳбарӣ ва дурандешии эшон барои тасбити инқилоб ва Эрони исломӣ донист. Душманони Эрони исломӣ дар иғтишошоти ахир аз ҳамаи тавон худ барои зарба ба низом ва мардум истифода карданд, аммо ҳамчун солҳои гузашта, ин тавтеа низ шикаст хӯрд ва бори дигар ваҳдати мардум ва иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон монеъ аз таҳаққуқи аҳдофи онон шуд.

 

Барчасп