Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Иллати тавтеаи душманон зидди Эрон ҳокимияти дин бар кишвар аст
(last modified Thu, 15 Dec 2016 12:07:23 GMT )
Декабр 15, 2016 17:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Иллати тавтеаи душманон зидди Эрон ҳокимияти дин бар кишвар аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ иллати эҳсоси хатари душман, тавтеа ва фаъолияти зидди низоми исломии Эронро ҳокимияти дину Қуръон бар Эрон ва густариши он дар дигар минтақаҳои ҷаҳон донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо аъзои Ситоди бузургдошти чаҳор ҳазор шаҳиди устони Гулистон, ки панҷуми декабри соли 2016 баргузор шуда буд ва матни баёноти эшон субҳи имрӯз, панҷшанбе дар маҳалли баргузории ин бузургдошт дар шаҳри Гургон мунташир шуд, фидокории шаҳидон дар «ҳифозат аз Инқилоби Исломӣ, иззати миллӣ, оянда ва таърихи Эрон»-ро азим хонданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд, агар ин фидокориҳову шаҳодатталабиҳо намебуд, ниҳоли навпои низоми исломӣ муқобили тӯфонҳои сахт давом намеовард ва аз байн мерафт, бинобар ин бояд рӯҳияи исоргарию фидокориро ҳифзу тақвият кард. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба тарроҳиҳо, ҳазинаҳои ҳангуфти душманон барои эҷоди ихтилоф дар Эрон ишора карда афзуданд, дар Эрони исломӣ ва дар манотиқи мухталифи устони Гулистон бар хилофи тавтеаҳову хости ҷараёнҳои такфирию хадамоти ҷосусии душман қавму мазҳабҳои мухталиф дар ҳифзи ҳамзистию ҳамкорӣ  фаъоланд.

 Маросими Бузургдошти чаҳор ҳазор шаҳиди устони Гулистон субҳи рӯзи панҷшнбе бо суханронии Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар шаҳри Гургон оғоз ба кор кард.

 

Барчасп