Ноябр 01, 2023 19:55 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Иттиҳоди Аврупо ва вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ
    Нишасти Иттиҳоди Аврупо ва вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Нишасти дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ишқобод (пойтахти Туркманистон) баргузор шуд.

Дар нишаст дабири кули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди муҳимтарин мавзуоти амнияти минтақаӣ, тавсеаи пойдор ва субот табодули назар анҷом ва масоили марбут ба амнияти марзҳо, тағйироти обуҳавоӣ ва муҳити зист ва ҳамчунин иртибототи ҳамлу нақл баррасӣ шуд.

Вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин рӯйдод дар мавриди мавзуоту аҳдофи хоси ҳамкорӣ табодули назар, иқдомоти ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда дар ин заминаҳоро ташреҳ ва теъдоде идеяву пешниҳодоти муҳиме бо ҳадафи ҷамъбасти талошҳо барои тазмини амнияту суботи минтақаӣ ироа карданд.

Дар чорчӯби баррасии мавзуоти марбут ба тағйироти иқлимӣ ва масоили зистмуҳитӣ, ширкаткунандагони ин ҳамоиш ҳамчунин дидгоҳи муштаракеро дар мавриди лузуми анҷоми иқдомоти муштарак барои таомул дар ин росто баён карданд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи калидии тавсеаи ҷаҳонӣ – ҳамлу нақли пойдор, аз ҷумлаи дигар мавзуоти муҳимт дар дастури кори ин ҳамоиш буд, ки дар чорчӯби он ба фурсатҳои густарда барои иқдомоти талфиқӣ дар ин ҷиҳат ишора шуд.

 

Барчасп