Тошканд дар ҳаҷми се миллиард доллар маҳсулот ба Афғонистон содир мекунад
(last modified Sun, 25 Mar 2018 11:08:00 GMT )
Март 25, 2018 16:08 Asia/Dushanbe
  • Тошканд дар ҳаҷми се миллиард доллар маҳсулот ба Афғонистон содир мекунад

Вазири тиҷорати Ӯзбакистон аз содироти се миллиарддолларии маҳсулот ба Афғонистон дар солҳои оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷамшед Ҳоҷиев гуфтааст, Афғонистон дар ҳоли ҳозир гунҷоиши пазириши беш аз шаш миллиард доллар маҳсулотро дорад.

Вай афзудааст, Ӯзбакистон метавонад дар ояндаи наздик ниме аз содирот ба ин кишварро дар дасти худ бигирад.

Содироти коло аз Ӯзбакистон ба Афғонистон дар соли 2017 ба 617 миллион доллар расид, ки ин мизон 18.7 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

Ба гуфтаи Ҳоҷиев, Ӯзбакистон ва Афғонистон мувофиқат кардаанд то додугирифти тиҷорӣ дар ояндаи наздик байни ду кишварро ба 1.5 миллиард доллар афзоиш диҳанд.

Суханони ин мақоми иқтисодии Ӯзбакистон дар ҳолест, ки пас аз интихоби Шавкат Мирзиёев ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар, ҳамкориҳои Тошканд бо кишварҳои минтақа ба сурати чашмгире афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп