Тасарруфи кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тарафи Толибон
(last modified Mon, 16 Aug 2021 06:28:26 GMT )
Август 16, 2021 11:28 Asia/Dushanbe
  • Тасарруфи кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тарафи Толибон

Аъзои гурӯҳи Толибон кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро тасарруф карданд .

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира аз кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, аъзои гурӯҳи Толибони асри  рузи якшанбе соъоте пас аз фирори  Муҳаммад Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурӣ аз кишвар ба Тоҷикистон, кохи раёсати ҷумҳуриро тасарруф карданд.
Бар асоси ин гузориш шуморе аз раҳбарони Толибон лаҳазотеро ба гаштзанӣ дар кохи раёсати ҷумҳурӣ пардохтанд .
Дар кохи раёсати ҷумҳурӣ аз ҳаводорони Ашрафғанӣ касе ҷуз муҳофизи шахсии вай, ки барои супурдани кох ба нерӯҳои Толибон ба онҷо омада буд, боқӣ намонда буд .
Гурӯҳи Толибон эълом кард,ки аъзои ин гурӯҳ нуқтаҳои бозрасиҳои амниятиро дар вурудиҳои шаҳри Кобул ( пойтахти Афғонистон ) ва маконҳои мухталиф доир карда ва нерӯҳоеро барои ҳифозат аз сафоратхонахову намояндагиҳои дипломатӣ ихтисос додааст .
Муҳофизи шахсии Ашрафғанӣ низ ба хабарнигори Алҷазира гуфта,ки хушҳол ҳаст ки кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро ба нерӯҳои Толибон месупорад ва ин иқдом бидуни хунрезӣ анҷом шудааст .
Дар ҳамин ҳол бархе масъулони гурӯҳи Толибон фош карданд, ки ин гурӯҳ ба зӯдӣ аз кохи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон ، « Аморати исломии Афғонистон »-ро эълом хоҳад кард .
Ин дар ҳолеаст, ки Салоҳуддин Айюбӣ-яке аз раҳбарони гурӯҳи Толибон ба хабарнигори Алҷазира гуфт : Бино ба тасмими Кумитаи сиёсии Толибон нишастҳои густардае барои ташкили давлати мушорикатӣ бо тамоми гуруҳҳои ҷомеъаи Афғонистон баргузор хоҳад шуд .
Мулло  Ҳамдуллоҳ-масъӯли амнияти Кобул ва намояндагиҳои дипломатии Толибон низ гуфт : Баъд аз 20 сол ҷанги паёпай алайҳи нерӯҳои бегона ва нерӯҳои давлатӣ вориди кохи раёсати ҷумҳурӣ шудем ва ба ҳамаи масъӯлон, мақомоти давлати Афғонистон, вазирон, фармондеҳони артишу полис ва аҳолии Кобул барои таъмини амнияташон итминон медиҳем.