Тавофуқи Толибон ва Аҳмад Масъуд ба истифода накардан аз гузинаи низомӣ то нишасти баъдӣ
(last modified 2021-08-27T16:35:34+00:00 )
Август 27, 2021 21:35 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Толибон ва Аҳмад Масъуд ба истифода накардан аз гузинаи низомӣ то нишасти баъдӣ

Дар нишасти тарафдорони Аҳмад Масъуд бо Толибон тавофуқ шуд то поёни музокирот аз гузинаи низомӣ истифода нашавад.

Муҳаммадалӣ Эзадёр, яке аз аъзои ҳайати эъзомии Аҳмади Масъуд дар музокира бо гурӯҳи Толибон гуфт: Дар ин музокироти 3 соата тавофуқ шудааст, ки ду тараф ба мавозеи якдигар ҳамла накунанд.

Эзадёр дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: Баъд аз ройзанӣ қарор шуд, ки ду тараф натиҷаи музокираро ба иттилои мақомоти боло бирасонанд ва натиҷаро дар ҷаласаи баъдӣ иттилоърасонӣ кунанд.

Ӯ афзуд: Қарор шуд то баргузории даври дувуми музокироти тарафайн аз ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба мавозеи якдигар худдорӣ кунанд.

Инъомуллоҳ Саманагонӣ, узви камиссияи фарҳангии Толибон низ ин нишастро таъйид карду гуфт: Толибон хостори ҳалли буҳрони вилояти Панҷшер аст, аммо нерӯҳои тарафдори Аҳмади Масъуд хоҳони гуфтугӯ дар бораи сохтори давлати оянда буданд, аз ҳамин рӯ ин музокирот дастоварде надоштааст.

Саманагонӣ гуфт: Ҳайате, ки аз Панҷшер омада буд, бештар бар сохтори кулли низом ё давлат тамаркуз дошт, аммо чун байни хостаҳо тафовути зиёде буд, тасмим гирифта шуд, ки ҳайати гурӯҳи Толибон паёми ҳайати Панҷшерро ба мақомоти тасмимгир иттилоъ диҳанд.

Нуруллоҳи Нурӣ, узви дафтари сиёсии Толибон ҳам гуфт: Ҷаласот дар рӯзҳои аинда ба натиҷаи беҳтаре хоҳад расид.

Ҳамчунин Аҳмади Масъуд, фармондеҳи нерӯҳои мухолифи Толибон изҳор кард, мо дар ҳоли суҳбату музокира бо Толибон ҳастем.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп