Феврал 05, 2022 19:49 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 27 тарҳ бо қарзи 2.8 миллиард долларии Бонки тавсиаи Осиё дар Узбакистон

Бонки тавсиаи Осиё ба Узбакистон 2 милларду 800 миллион доллар қарз пардохт мекунад.

Ба гузориши хабаргузори Форс,Бонки тавсиаи Осиё барономарезӣ кард барои иҷрои 27 тарҳ дар солҳои 2022 ва 2024 дар Узбакистон ба ин кишвар муъодили 2 миллиарду 800 миллион доллар қарз ихтисос диҳад.

Ин мавзуъ дар гуфтугӯҳои маҷозии Сардор Умурзоқов вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ва Масасугу Асакава раиси Бонки тавсиаи Осиё эълом шуд.

Дар соли 2022 мелодӣ 3 тарҳ ба арзиши 524 миллион доллар иҷро хоҳад шуд.

Ҳамакнун бо ҳамкории Бонки тавсиаи Осиё дар Узбакистон 29 тарҳ ба арзиши куллии 5 миллиард доллар дар заминаҳои тавсиаи зербаноӣ, энергетика, шаҳрсозӣ, беҳдошту кишоварзӣ иҷро мешавад.

 

Барчасп