Март 28, 2022 17:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти ҷорӣ, меҳвари гуфтугӯи муовини сафири Эрон ва раиси Шӯрои уламои шиаи Афғонистон

Муовини сафорати Эрон дар Кобул дар дидор бо раиси Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар бораи таҳаввулоти ҷории ин кишвар табодули назар кард.

Саидҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Кобул бо Оятуллоҳи Солеҳӣ, раиси Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар бораи таҳаввулоти ҷории ин кишвар ва кумакҳои башардӯстонаи Эрон гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Раиси Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар ин дидор аз кумакҳои Эрон дар солҳои гузашта қадрдонӣ кард.

Вай ҳамчунин хостори тадовуми мусоидатҳо ва кумакҳои муъминона ва башардӯстонаи Эрон ба мардуми Афғонистон шуд.

Пеш аз ин муовини сафири Эрон дар Кобул бо ҳузур дар намози ҷумъаи ғарби Кобул гуфта буд, ки таъмини амнияти мардуми Афғонистон бавижа шиаён, аз ҷумлаи хостҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Вай хотирнишон карда буд, ки дар сафари ахири намояндаи вижаи раисиҷумҳури Эрон ба Кобул низ дар ин робита бо мақомҳои Толибон низ баҳсу табодули назар шуда буд.

Муртазавӣ ҳамчунин гуфта буд,"Ҷумҳурии Исломии Эрон тамомқад дар канори миллати Афғонистон истода ва барои сулҳ, амният ва салобати онҳо талош мекунад".

 

Барчасп