Апрел 13, 2022 14:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Сафорати Эрон дар Кобул бар вуруди қонунии шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон бар вуруди қонунии шаҳрвандони ин кишвар ба Эрон таъкид кард.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон бо судури баёнияе эълом кард, бахши консулии Сафорати Эрон дар Кобул ва ҳамчунин консулгариҳои Эрон дар шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Қандаҳор ва Ҷалолобод ҳамчунон барои шаҳрвандони Афғонистон раводид содир мекунанд ва шаҳрвандони Афғонистон бояд ба сурати қонунманд вориди Эрон шаванд.

Сафорати Эрон дар ин баёния гуфт: Тасовиру клипҳои ахир ба сурати ҳадафманду барномарезишуда, бо мақсади гилолуд кардани равобити решадору таърихии ду кишвар ва ба дунболи илқои Эронҳаросӣ дар ҷомеаи Афғонистон мунташир шудааст ва возеҳ аст, ки ин клипҳо ва тасовир наметавонад мабнои қазовати одилона дар иртибот бо навъи рафтор дар қиболи муҳоҷирони афғон дар Эрон қаламдод шавад.

Бар асоси ин баёния, сиёсати куллии Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба Афғонистон ва атбои он, бар асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва риояту эҳтироми мутақобил устувор аст.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин ахбору иттилооте мабнӣ бар бадрафтории созмондеҳишудаи Неруи интизомии Эрон бо муҳоҷирони афғонистониро рад кард ва онро фоқиди асос ва эътибор донист.

 

Барчасп