Интиқоли мудирияти хати роҳи оҳани «Ҳайратон - Мазори Шариф» аз Узбекистон ба Толибон
(last modified 2022-04-19T05:41:25+00:00 )
Апрел 19, 2022 10:41 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли мудирияти хати роҳи оҳани «Ҳайратон - Мазори Шариф» аз Узбекистон ба Толибон

Мақомоти афғонистонӣ иблоғияе ба Узбекистон ирсол карданд, ки аз10 майи соли ҷории милодӣ даромадҳои ҳосил аз баҳрабардорӣ аз хати рейлии «Ҳайратон - Мазори Шариф»- ро Кобул дарёфт хоҳад кард.

Ба гузориши Форс, ҳайати узбекистонӣ ва Толибон ба раёсати Акмал Камолов, сарпарасти муовини раиси ширкати саҳҳомии «Роҳи оҳани Узбекистон» ва Бахтулраҳмон Шарофат, раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон бо ҳам дидор карданд.

Мақомоти ширкати саҳҳомии «Роҳи оҳани роҳУзбекистон» дар поён гуфтугуҳое, ки дар шаҳри «Тирмиз» баргузор шуд, изҳор доштанд идораи Роҳи оҳани Афғонистон (ARA) аз фаъолияти ширкати узбекӣ, ки аз соли 2011 мудирияти хати роҳи оҳани «Ҳайратон - Мазори Шариф»-ро бар ӯҳда дорад, ба таври комил розӣ аст.

Намояндагои ширкати саҳҳомии «Роҳи оҳани Узбекистон» гуфтанд, дар ин нишаст ҳайати афғон иттилооти нодурусти расонаҳо мабнӣ бар инки Афғонистон қасд дорад ҳамкориҳои худ бо ширкати саҳҳомии «Роҳи оҳани Узбекистон»-ро қатъ кунад, такзиб карданд.

Ҳамчунин раиси Идораи роҳи оҳан Афғонистон гуфт, иблоғияе ба Узбекистон ирсол шуда, ки пас аз 10 май соли ҷорӣ даромадҳои ҳосил аз баҳрабардорӣ аз ин хати рейлиро Афғонистон дарёфт хоҳад кард.

Тарафи афғон эълом кар,д ширкати Узбекистон бар асоси тавофуқнома мудирияти хати рейлии «Ҳайратон – Мазори Шариф» солона 18 миллион доллар дарёфт мекунад. Дар ҳоле, ки ширкатҳои маҳаллӣ омода ҳастанд, ҳамин корро ба изои 25 дарсади ин маблағ анҷом диҳанд.

 

Барчасп