Май 11, 2023 19:41 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Нишонаҳои чархиш дар сиёсати хориҷии Туркия дар қиболи Сурия+назари коршинос

Дар тӯли беш аз яксоли гузашта, ки давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, сиёсати душманӣ бо кишварҳои ҳамсояро мутаваққиф кардааст, нишонаҳои қобили таваҷҷӯҳе аз чархиши Анкара дар сиёсати хориҷӣ бахусус дар қиболи давлати Башор Асад дар Сурия мушоҳида мешавад.

Давлати Анкара ба пайрави аз Амрико ва муттаҳидонаш ва ҳамчунин НАТО аз соли 2011 ба талош барои ҳазфи давлати қонӯнии Башор Асад дар Сурия ҳиммат гумоштааст. Аммо дар тӯли чанд соли гузашта, ки сиёсатҳои Амрико дар Сурия бо манофеи миллии Туркия дар тазоди ошкор будааст, мақомҳои Анкара талош кардаанд, ихтилофоти Туркияро бо Сурия ҳалу фасл кунанд.

Дар гоми нахуст, мақомҳои Анкара талош кардаанд то бо мушорикати фаъол дар нишасти чаҳорҷонибаи Маскав бо ҳузури Эрону Русия ва Сурия, чархиши маҳсӯсе дар сиёсати хориҷии Туркияро ба намоиш бигузоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин ва аз соли 2018, ки Туркия неруҳои низомии худро вориди арозии Сурия кардааст, раҳбарони аҳзоби мухолифи давлати Анкара ҳамвора ба мақомҳои давлати Туркия ҳушдор медодаанд, ки ҳарчӣ сареътар низомиёни туркро аз хоки Сурия хориҷ кунанд. Бо вуҷӯди онки давлати Эрдуғон бо таъхир ва пас аз таҳаммули хисоратҳои қобили таваҷҷуҳи иқтисодӣ ва молӣ, ба самти оштӣ бо давлати Сурия гом бардоштааст, аммо, чархиш дар сиёсати хориҷии Туркия дар қиболи давлати Башори Асадро бояд ба фоли нек гирифт.

Дар ҳамин иртибот, Александр Маккивер, коршиносу нозири масоили Сурия муътақид аст: "Таҳаррукоти сӯрат гирифтаи яксоли гузашта дар раванди одисозии равобити Туркия ва Сурия кофӣ нест ва барои одисозии равобит миёни ду кишвари ҳамсоя, замони бештаре ниёз аст".

Ин коршиносу соҳибназари масоили Сурия дар айни ҳол, перомуни гуфтугӯҳои чаҳорҷонибаи Эрон, Русия, Туркия ва Сурия дар бораи одисозии равобити Анкара ва димишқ Гуфтааст: "Лозим аст, иттифоқоти зиёде рух диҳад то мавзӯ ба саранҷом бирасад. Ҳатто агар мухолифони давлати Эрдуғон дар интихоботи ҳафтаи ояндаи Туркия баранда шаванд, масоили муҳимме дар хусӯси ин масъала ва гуфтугӯҳои сулҳи ду кишвари ҳамсоя ва мусулмон ҳамчунон боқӣ мемонад".

Бо вуҷӯди онки ҳалли мушкилоти Туркия ва Сурия танҳо бо мушорикати кишварҳо зинафъу ҳамсояи Туркия бавижаи Эрону Русия ба натиҷаи ниҳоӣ хоҳад расид, аммо давлатҳои ғарбӣ ва муттаҳидони Амрико талоши музоафе ба кор хоҳанд гирифт то аз раванди созиши Туркия ва Сурия ҷилавгирӣ кунанд. Зеро дар сӯрати оштии ин ду кишвар, танҳо дар як замина метавон гуфт, ҳазинаҳои ҳузури Амрико дар Сурия ва дигари кишварҳои ошуфта дар ғарби Осиё чандин баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Бадеҳист, ки дар шароити феълӣ, ҳузури неруҳои амрикоӣ дар манотиқӣ аз Сурия, ба чолиши муҳимме барои давлатмардони Туркия табдил шудааст. Ба ҳамин далел, чунин ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Анкара қасд доранд бо машрӯъият бахшидан ба давлати Башор Асад дар Сурия, ҳузури амрикоиҳо дар манотиқи марзии Туркия ва Сурияро бар асоси майлу хостаи худ мудирият кунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба буҳрони иқтисодии ҷорӣ, ки мақомҳои Туркия бо он рӯбарӯ ҳастанд, ба назар мерасад ин кишвар ниёзманди бозорҳои ҷадиде аст ва Сурия, аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки метавонад харидори колоҳои тавлидии ин кишвар қаламдод шавад. Дар воқеъ, Сурия барои Туркия як бозори масрафи билқувва аст. Дар солҳои ахир бо таваҷҷуҳ ба таорузе, ки миёни Туркия ва Сурия буруз кардааст, Анкара дар амал бозорҳои масрафи худро дар Сурия аз даст додааст. Бо вуҷӯди ин, акнӯн мақомҳои Туркия дар пайи он ҳастанд, ки бо одисозии равобит бо Сурия, дар бозори ин кишвар ҳузури ҷиддитару доимитаре дошта бошанд. Дар муқобил давлати Башор Асад низ дар пайи бозсозии Сурия аст ва Туркия метавонад дар ин замина низ бо Сурия вориди гуфтугӯ шавад. Ба иборати дигар, тақвияти ҳамкориҳои Туркия бо Сурия ва дигар кишварҳои ҳамсоя  дар ҷиҳати манофеи миллии дарозмуддати ин кишвар аст ва ҳарчӣ зӯдтар муҳаққақ шавад, ба натиҷаи матлубтаре хоҳад расид.

 

Барчасп