Июл 27, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Дидори Аббос ва Ҳания дар Анқара, муқаддамаи нишасти Қоҳира аст

Мушовири расонаии раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос баргузории дидорҳои фаластиниро амри мусбат донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тоҳир Алнуну, мушовири расонаии Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) рӯзи панҷшанбе гуфт: Дидори Ҳания ва Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Анқара ( пойтахти Туркия ) муқаддамаи нишасти дабирони кулли гуруҳҳои фаластинӣ дар Қоҳира аст.
Алнуну гуфт: Аббос ва Ҳания роҳкорҳои муқобила бо тарҳҳои режими ишғолгар ва кабинаи ифротӣ ва ростгарои режими саҳюнистиро баррасӣ карданд.
Мушовири Ҳания бар мухолифати Ҳамос бо боздоштҳои сиёсӣ таъкид кард ва хостори озодии фаврии боздоштшудагон дар Каронаи бохтарӣ шуд.
 

 

Барчасп