Сентябр 07, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Режими саҳюнистӣ душмани муштараки уммати исломӣ аст

Яке аз аъзои баландпояи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ душмани муштараки уммати исломӣ аст, гуфт:Ифтитоҳи сафорати Тел-Авив дар Баҳрайн ханҷаре аз пушт ба миллати Фаластин буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мӯсо Абумарзуқ-узви дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос дар гуфтугу бо пойгоҳи хабарии Аларабия Алҷадид бо маҳкум кардани иқдоми Баҳрайн дар ифтитоҳи сафорати режими саҳюнистӣ дар Манома изҳор кард ин иқдом ба ояндаву амнияти Баҳрайн осеб хоҳад зад.
Мӯсо Абумарзуқ бо таъкид бар инки муқовимат то нобудӣ ва берун рондани ишғолгарони саҳюнист аз хоки Фаластин, Лубнон ва Сурия ва решакан кардани ин ғуддаи саратонӣ идома дорад, афзудеҷ кишваре дар минтақа вуҷуд надорад магари инки ба сурати мустақим ва ё ғайримустақим аз режими саҳюнистӣ осеб дидааст .

 

Барчасп