Сентябр 26, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ансоруллоҳи Яман бар нақзи оташбас тавассути эътилои саъудӣ
    Таъкиди Ансоруллоҳи Яман бар нақзи оташбас тавассути эътилои саъудӣ

Сухангуи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: Эътилофи саъудӣ ҳамчунон ба тахалуфони марзии худ идома медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Абдусалом сухангуи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман имруз сешанбе эълом кард нақзи оташбас як масъалаи таъсуфбор аст ва 12 сарбози яманӣ тайи як моҳ дар марзҳои Арабистони Саъудӣ кушта шуданд.

Сухангуи Ансоруллоҳи таъкид кард мо бар аҳмияти вуруд ба марҳалаи сулҳи ҷадиди то тасбити комили вазъияти низомӣ ба шакле, ки талафоти тамоми тараҳо мутавақиф шавад ва мавориди ниёз барои сулҳи фарогир ва одилона муҳақақ шавад таъкид дорем.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низоми ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ ин кишвар карда аст.

Ҷангафрузии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шуда аст.

Барчасп