Феврал 17, 2024 19:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар хурӯҷи низомиёни Амрико аз Ироқ

Нахуствазири Ироқ дар дидори бархе аз аъзои Конгресси Амрико бар хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Ироқ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар дидори бархе аз аъзои Конгресси Амрико ба беҳбуди вазъияти Ироқу ислоҳот дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, молӣ ва пешравӣ ба самти шарокати иқтисодии якпорча бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ки ба тақвияти тавсеа ва таҳаққуқи суботи Ироқ кумак мекунад, ишора кард ва гуфт, низомиёни хориҷии мустақар дар Ироқ бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Аъзои Конгресси Амрико ҳам бо изъон ба муваффақияти давлати Ироқ ва абъоди мухталифи равобити дукишвар бар нақши давлати Ироқ дар тақвияти амният ва субот дар минтақа таъкид карданд.

Низомиёни ишғолгари амрикоӣ ҳамроҳ бо низомиёни бархе дигар аз кишварҳои ҳампаймон дар қолаби эътилофи байналмилалӣ аз соли 2003 дар Ироқ мустақар шудаанд, ки бузургтарин пойгоҳи онҳо “Айнул Асад” дар устони Ал Анбор, ғарби ин кишвар аст.

Пас аз ҷиноятҳои низомиёни амрикоӣ дар ҳамла ба пойгоҳҳои созмони Ал Ҳашдуш-Шаъбӣ ва шаҳодати сардорони Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис, ихроҷи низомиёни амрикоӣ ва неруҳои хориҷӣ ба мутолибаи аслии мардум, ҷараёнҳои сиёсӣ ва динии Ироқ табдил шудааст.

 

Барчасп