Феврал 18, 2024 13:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти мушакии ҷадиди Ҳизбуллоҳ ба 3 пойгоҳи режими саҳюнистӣ
    Ҳамалоти мушакии ҷадиди Ҳизбуллоҳ ба 3 пойгоҳи режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон 3 пойгоҳи режими саҳюнистиро дар сарзаминҳои ишғолии ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алминор, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёниӣ эълом кард пойгоҳи саҳюнистиро дар мазореъи ишғолии Шабъо ва таҷаммуъи низомиёни саҳюнист дар муҳавватаи пойгоҳ "Алзуҳайра"-ро ҳадафи ҳамалоти мустақими мушаки қарор дода аст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин эълом кард муҷоҳидони муқовимати исломӣ бо мушаки "Фалақи-1" подгони саҳюнистии "Баронит“-ро ҳадаф қарор доданд.

Муқовимати исломии Лубнон дар ростои ҳимоят аз миллати пойдори Фаластин дар борикаи Ғазза ва пуштибони аз муқовимати ҷасур ва дар посух ба таҷовузоти паӣ дар пайи режими саҳюнистӣ ба манотиқи дар ҷануби Лубнон амалиётҳоеро зидди пойгоҳҳо ва таҷаммуъоти артиши режими саҳюнистӣ дар марзҳои Лубнон ва арозии ишғолӣ анҷом медиҳад.

Барчасп