Март 09, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои паҳподии муқовимати Ироқ ба мавзеъҳои Исроил дар Ҷавлони ишғолӣ

Муқовимати исломии Ироқ ҷумъашаб аз ҳамлаи паҳподӣ алайҳи пойгоҳи низомиёни саҳюнист дар Ҷавлони ишғолии Сурия хабар дод.

Ба гузориши ИРНА,муқовимати исломии Ироқ эълом кард, дар вокуниш ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза, рӯзи панҷшанбе пойгоҳи иттилооти шумораи яки артиши режими саҳюнистӣ дар Ҷавлони ишғолиро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор додааст.

 Муқовимати исломии Ироқ ҳамчунин бомдоди шанбе аз ҳамлаи паҳподӣ ба полоишгоҳи нафт дар Ҳайфо, воқеъ дар Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Ҷузъиёти бештаре дар бораи ин ҳамлаи паҳподӣ гузориш нашудааст.

Гурӯҳҳои муқовимати исломии Ироқ дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин ва маҳкум кардани ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза борҳо пойгоҳҳои артиши Амрико дар Ироқ ва Сурия ва ҳамчунин аҳдоферо дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии худ қарор додааст.

 

Барчасп