Март 15, 2024 20:03 Asia/Dushanbe
  • Мутаҷовизони амрикоиву англисӣ дар шабонарӯзи гузашта 14 ҳамла ба Яман анҷом доданд
    Мутаҷовизони амрикоиву англисӣ дар шабонарӯзи гузашта 14 ҳамла ба Яман анҷом доданд

Ҷангандаҳои амрикоиву англис минтақаи Абас дар устони Ҳаҷҷа, дар шимоли ғарби Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи “Алмаёдин”-и Лубнон, ҷангандаҳои мутаҷовизи амрикоиву англисӣ дар се навбат ба минтақаи Абас дар устони Ҳаҷҷа, дар шимоли ғарби Яман ҳамла карданд.

Ҳамзамон идораи амалиёти тиҷорати дарёии Англия эълом кард ,ки гузорише аз як ҳодиса дар 50 мойли дарёии ҷануби ғарбии устони Алҳудайда (ғарби Яман) дарёфт кардаем, ки ба ҷузъиёти ҳодиса ишора нашудааст.

Расонаҳои вобаста ба неруҳои яманӣ ва Ансоруллоҳ ҳам таъйид карданд, ки мутаҷовизони амрикоиву англисӣ дар шабонарӯзи гузашта 14 ҳамла ба устони Алҳудайдаву Ҳаҷҷа анҷом додаанд.

Ин гузоришҳо дар ҳоле матраҳ шудааст, ки шаби гузашта Абдулмалик Алҳусӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард, неруҳои яманӣ дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дар ҳимоят аз миллати Фаластин аз октябри соли 2023 то кунун 73 киштиву нови размиро, ки ба самти Фаластини ишғолӣ ҳаракат мекард, ҳадаф қарор додем ва ин амалиётҳо бо қудрат идома хоҳад дошт.

Алҳусӣ афзуд, дар ҳафтаи ҷорӣ 12 киштиро дар ҷараёни амалиётҳои худ дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва Ғазза ҳадаф қарор додем.

Аз сӯи дигар, Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҳам дар шабакаи иҷтимоии “Х” (Твиттери собиқ) навишт: Бо тавваҷуҳ ба идомаи таҷовузи низомӣ ба Ғазза таъкид мекунем, ки Яман ҳамалоти худро ба киштиҳои исроилӣ дар уқёнуси Ҳинд шиддат мебахшад.

Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман

Неруҳои мусаллаҳи Яман дар ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз мардуми Ғазза, чанд киштии режими саҳюнистӣ ё киштиҳои ҳомили коло барои ин режимро, ки дар дарёи Сурх, уқёнуси Ҳинд ва тангаи Бобулмандаб озими сарзаминҳои ишғолӣ буданд, ҳадаф қарор додааст.

Барчасп