Март 26, 2024 09:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Гутерриш  дар бораи ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ дар ҷануби борикаи Ғазза

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳамлаи заминии режими наслкуши саҳюнистӣ ба Рафаҳ дар ҷануби борикаи Ғазза ҳушдор дод.

Ба гузориши рӯзи душанбеи ИРНА, Антонио Гутерриш зимни таъкид бар зарурати барқарории оташбас дар борикаи Ғазза ба манзури расондани кумакҳои башардӯстона ба ин борика ҳушдор дод, ҳамлаи заминии режими ишғолгари саҳюнистӣ ба Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза фоҷиаи инсонӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Антонио Гутерриш дар идома зимни таъкид бар зарурати бознигарӣ дар тасмими бархе кишварҳо, ки ҳимояти молӣ аз Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони Фаластинро мутаваққиф кардаанд, гуфт, бисёре аз кишварҳое, ки ҳимояти молӣ аз ин ниҳодро мутаваққиф кардаанд, шурӯъ ба бознигарӣ дар ин бора кардаанд ва умедворем, ки ҳама ба ин ожонси имдодрасонӣ кумак кунанд.

 

Барчасп