Март 28, 2024 13:01 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми таҳрикомези режими наслкуши Исроил барои бастани Масҷидулақсо

Режими саҳюнистӣ ба баҳонаи ташдиди эътирозҳо дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ ва юриши эҳтимолии саҳюнистҳои ифротӣ ба Масҷидулақсо, аз бастани дарҳои вурӯдии ин масҷиди муборак дар рӯзҳои оянда хабар дод.

Бастани дарҳои вуруд ба Масҷидулақсо дар шароите аст, ки шаҳракнишинони саҳюнист ҳар аз чандгоҳе ба саркардагӣ ва таҳрики мақомоти тундрави режими Тел Авив ба ин масҷиди муборак юриш мебаранд ва талош доранд, ки вазъияти ин макони муқаддасро тағйир диҳанд.

Ба гузориши Ал Қудс Ал Арабӣ, Itamar Ben Gvir, вазири ифротии амнияти дохилии режими саҳюнистӣ пештари мамнуияти вуруди фаластиниён ба Масҷидулақсоро хостор шуда буд, аммо кабинаи саҳюнистӣ бо ин дархост мухолифат кард.

Аз оғози ҷанг дар Борикаи Ғазза дар 7 октябри гузашта, режими саҳюнистӣ маҳдӯдиятҳои зиёде барои вуруди фаластиниён ба Масҷидулақсо эъмол кардааст.

Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломӣ - фаластинии Байтулмуқаддас шинохта мешавад ва режими Исроил талош дорад, ин ниҳодро аз байн бибарад, аммо истодагӣ ва ҳӯшёрии мардуми Фаластин, режими саҳюнистиро ноком гузошта ва бо шикаст рӯба рӯ кардааст.

 

Барчасп