Март 28, 2024 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар борикаи Ғазза

Дафтари умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод беш аз 1.1 миллион нафар дар борикаи Ғазза бо сатҳи шадиди ноамнии ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳамлаҳои шадиди артиши режими наслкуши Исроил ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза дар ҳоле барои саду ҳафтоду чаҳорумин рӯз идома дорад, ки бисёре аз фаластиниҳо аз ҷумла кӯдакон бо камбуди шадид ғизо ва оби ошомиданӣ рӯбарӯ ҳастанд.

 Ба гузориши хабаргузории Анатолӣ, дафтари умури башардӯстонаи Созмони Милал дар баёнияе эълом кард, монеъаҳои дастрасӣ барои ироаи кумак ҳанӯз вуҷуд дорад, аммо замон дар ҳоли тамом шудан аст.

 Дар ин баёния омадааст, ҳеҷ ҷойгузине барои ирсоли кумакҳои заминӣ ба манзури наҷоти ҷони афрод, ба вежа дар шимоли борикаи Ғазза вуҷуд надошта ва садҳо ҳазор нафар бо сатҳи шадиди ноамнии ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд.

 Аз оғози ҳамалоти режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 даҳҳо ҳазор фаластиние, ки бештарашон зану кӯдак буданд, шаҳид ё захмӣ шуданд.

Дар натиҷаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва маҳдудиятҳое, ки ин режим ҷорӣ кардааст ду устони Ғазза ва устони Шимолӣ ба далели камбуди шадиди ғизо, об, дору дар остонаи хатари қаҳтӣ қарор дошта ва ҷони кӯдакон ва солхурдагон дар ин минтақаҳо ба хатар афтодааст.

 

Барчасп