Апрел 19, 2024 19:06 Asia/Dushanbe
  • Итмар бен Гувир: «Масхара аст!»
    Итмар бен Гувир: «Масхара аст!»

Канали 12 телевизиони режими Исроил баъд аз сарнагунии 3 резпаранда дар Исфаҳон хабар дод, мақомоти ин режим ҳамла ба Эронро хотимаёфта эълом кардаанд.

“Алҷазира” ба нақл аз Канали 12 навишт; “Аммо Исроил вазъияти омодабоши комили феълиро ҳифз мекунад”.

Расонаҳои ғарбӣ бомдоди рӯзи ҷумъа, баъд аз шунида шудани садои чанд инфиҷор дар Исфаҳон иддао карданд, ки Исроил посухи амалиёти Эронро додааст.

Ҳусайни Далериён, сухангӯи Созмони фазоии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Икс (Твиттери собиқ) хабар дод, 3 резпаранда дар осмони Исфаҳон бо муваффақият раҳгирӣ шудааст.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ дар баёнияе эълом кард, ҳеҷ осебе ба ҳеҷ як аз таъсисоти ҳастаии Эрон дар Исфаҳон ворид нашудааст.

Итмар бен Гувир, вазири амнияти дохилии режими Исроил ба дунболи интишори гузориши расонаҳои ғарбӣ дар бораи садои инфиҷор дар Исфаҳон ва эъломи раҳгирии 3 резпаранда, танҳо бо як калима гуфт: «Масхара аст!».

Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон пештар ҳушдор дода буданд, ки ҳар гуна таарруз ба хоки Эрон тайи чанд сония ва пурқудраттару густардатар аз амалиёти собиқ посух дода хоҳад шуд.

 

Барчасп