Декабр 31, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
  • Расонаи сурӣ муддаӣ шуд : Анқара бо хурӯҷи комили нерӯҳояш аз Сурия мувофиқат кардааст

Як расонаи сурӣ муддаӣ шуд, ки дар нишасти сегонаи мақомоти Сурия, Туркия ва Русия дар Маскав,Анқара мутаъаҳҳид шудааст, ки тамомии неруҳои худро аз хоки Сурия хориҷ кунад .

Артиши Туркия ба баҳонаи мубориза бо террористҳо аз ҳудӯди се соли пеш бахшҳое аз манотиқи шимоли ва шимолу шарқи Сурияро ишғол карда ва гуруҳе аз низомиёни Туркия ҳамчунон дар ин манотиқ ҳузур доранд .
Давлати Сурияи ҳузури неруҳои низомии Туркия дар шимоли Сурияро намунаи ишғолгарӣ дониставу борҳо хостори хурӯҷи онҳо шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи сурии « Алватан » шомгоҳи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи Фейсбук ба нақл аз як манба муддаӣ шуд, дар нишасти сегонаи миёни Димишқ, Анқара ва Маскав ки вазирони дифои Туркия, Сурия ва Русия дар он ҳузур доштанд, Туркия бо хурӯҷи комил аз хоки Сурия мувофиқат кардааст .Тибқи иддаои ин расона Анқара ҳамчунин бар лузӯми эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти арзии Сурия таъкид кардааст .
Ин манбаъ дар идомаи иддаои худ ишора кард ки тамоми масоилӣ ки дар нишасти ёдшуда мавриди тавофуқ қарор гирифта, тавассути чанд кумитаи тахассусӣ ба манзури тазмини иҷро ва пайгарии дуруст дунбол хоҳад шуд ва чанд нишасти дигар барои ҳамоҳангиҳои бештар миёни ду тараф дар оянда баргузор хоҳад шуд .

 

Барчасп