Январ 26, 2023 14:05 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти Эътилофи саудӣ ба Ал Ҳудайдаи Яман

Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта устони Ал Ҳудайдаи Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхонаӣ қарор дод ва 61 бор оташбаси иддаӣ дар ин устонро нақз кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман (Сабо), утоқи амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Ал Ҳудайда эълом кард, паҳподҳои шиносоӣ ва ҷосӯсии Эътилофи саудӣ вориди осмони манотиқе дар ин устон шуданд ва ба гаштзанӣ пардохтанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамалоти ракетии Эътилофи саудӣ низ дар манотиқи мухталифе аз ин устон идома доштааст ва воҳиди тӯпхонаи Эътилофи саудӣ низ манотиқеро дар шаҳристони Ҳис ҳадаф қарор доданд.

Ҳамчунин Маҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи саудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп