Январ 22, 2024 22:17 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 2:1 Лубнонро шикаст дод
    Тоҷикистон 2:1 Лубнонро шикаст дод

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо пирӯзӣ муқобили тими Лубнон ба марҳилаи ҳаштякфинал роҳхат гирифт.

Шоми 22 январ тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа тими миллии Лубнонро мағлуб кард ва ба марҳилаи ҳаштякфинал роҳ ёфт. 

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бозии тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Давҳа баргузор шуд ва бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди Тоҷикистон ба анҷом расид.

Бар ин асос, аз гурӯҳи «А» тими мунтахаби Қатар аз ҷойгоҳи якум ва мунтахаби Тоҷикистон аз ҷойгоҳи дуюм ба марҳилаи ҳаштякфинал роҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки аз ҳар гурӯҳ ду тимӣ ва ҳамчунин чаҳор тими бартар аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ хоҳанд ёфт. 

Барчасп