Масрафи ҳудуди 3 миллиард метри мукааб оби садди нерӯгоҳи Норак барои тавлиди барқ
(last modified Wed, 03 Mar 2021 16:57:34 GMT )
Март 03, 2021 21:57 Asia/Dushanbe
  • Ниме аз барқи тавлидӣ дар Тоҷикистон марбут ба нерӯгоҳи Норак аст
    Ниме аз барқи тавлидӣ дар Тоҷикистон марбут ба нерӯгоҳи Норак аст

Комиссияи умури обу барқи Осиёи Марказӣ аз масрафи 2 миллиарду 900 миллион метри мукааб оби садди нерӯгоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистон барои тавлиди барқ дар 4 моҳи ахир хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Комиссияи умури обу барқи Осиёи Марказӣ, аз моҳи октябри соли 2020 то январи соли 2021 барои тавлиди барқ аз оби захирашуда дар садди ин нерӯгоҳ истифода шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи октябри соли 2020 барои тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 200 миллион метри мукааб об истифода шуда ва ин шохис дар моҳи ноябри ҳамон сол ба 532 миллион метри мукааб ва дар моҳи декабр ба як миллиард метри мукааб расидааст.

Дар моҳи январи соли 2021 низ ин шохис як миллиарду 100 миллион метри мукааб об будааст.

Нерӯгоҳи барқи обии Нораки Тоҷикистон, ки акнун дар ҳоли бозсозии таҷҳизотӣ қарор дорад, ниме аз барқи тавлидшуда дар ин кишварро ба худ ихтисос додааст.

Бо ин ҳол ба далели кам шудани захоири оби садди нерӯгоҳи барқи обии Норак аз шашуми январи имсол дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 6 –и субҳ то 23 шаб ба бахши хонагӣ барқ мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯзи маҳдудияти барқ барқарор аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп