Март 18, 2021 21:33 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи молӣ байни мақомоти шаҳри Кулоб ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд

Мақомоти шаҳри Кулоб ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд тавофуқномаи молӣ имзо карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз вазорати молияи Тоҷикистон ин тавофуқнома бо ҳадафи бозсозӣ ва зиддиуфунӣ кардани махзанҳои захираи об ва густариши  шабакаи обу корези шаҳри Кулоб имзо шуд.

  Маблағи кулли ин тарҳ 15 миллион евро аст, ки 7.5 миллион еврои онро Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ва боқимондаро Иттиҳодияи Аврупо таъмин хоҳад кард .

    Иҷрои ин тарҳ имсол оғоз мешавад ва қарор аст то соли 2024 ба итмом бирасад.

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп