Январ 05, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кирояҳо дар масири Душанбе ба Хуҷанд дар пайи бориши барф ва суқути тарма

Дар пайи бозгушоии масири Душанбе ва Хуҷанд, ки бар асари бориши барфи зиёд ва суқути тарма баста шуда буд, акнун кирояи роҳ барои ҳар мусофир низ афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, агар қаблан кирояи роҳ барои мусофирон дар ин масир байни 100 то 200 сомонӣ буд, ронандагон ба баҳонаи афзоиши авориз, (пули роҳ) пардохти 300 сомониро матраҳ мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти ширкати роҳдории Innovative Road Solutions, пас аз бозгушоии ин масир танҳо ба мошинҳои сабук иҷозаи ҳаракат доданд ва рафту омади мошинҳои борбарӣ барои пешгирӣ аз тарма дар ин минтақаҳо мамнуъ мебошад.

Ҳамчунин аз аввалин январи соли ҷорӣ мизони авориз аз мошинҳо бар асоси вазни ҳар мошин дар масрири Душанбе ба Хуҷанд аз 2 то 19 сомонӣ афзоиш ёфта аст, ки ба нархи кирояи роҳ таъсир мегузорад.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ ба ронандагон ҳушдор дода аст, ки барои рафту омад дар танҳо роҳи марказ ба шимоли Тоҷикистон таҷҳизоти эминӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.

 

 

Бештар бихонед:

Барчасп