Ансоруллоҳ: Идомаи ҷанг дар Яман ба мисли нишон додани қудрат дар Амрико бенатиҷа аст
(last modified Sun, 08 Nov 2020 14:29:58 GMT )
Ноябр 08, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Идомаи ҷанг дар Яман ба мисли нишон додани қудрат дар Амрико бенатиҷа аст
    Ансоруллоҳ: Идомаи ҷанг дар Яман ба мисли нишон додани қудрат дар Амрико бенатиҷа аст

Роҳбари Кумитаи олии инқилобии Яман гуфт, ҳамон тавре ки намоиши қувва дар интихоботи Амрико кор накард, исрори таҷовузкорон дар бораи идомаи ҷанг дар Яман бетаъсир хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, "Муҳаммад Алӣ ал-Ҳусӣ", раиси кумитаи олии инқилобии Яман, рӯзи якшанбе бо ишора ба шикасти "Доналд Трамп" дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Яман дарвозаи сулҳи воқеӣ бо лағви муҳосира ва хотима додани таҷовуз аст.

Аҳмад Ҳамид, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, қаблан гуфта буд, ки режими Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб миллиардҳо долларро барои пирӯзии Трамп дар интихоботи президент бо умеди он, ки ӯ ҷанги Яманро дастгирӣ хоҳад кард, барбод дод.

Пас аз чанд рӯзи даргириҳои шадиди сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида, расонаҳои аслии ин кишвар номзади демократҳо Ҷо Байденро дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 ҳамчун 46-умин раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида эълон карданд. 

Арабистони Саудӣ бо дастгирии Иёлоти Муттаҳида, Аморати Муттаҳидаи Араб ва чанд кишвари дигар аз моҳи марти соли 2015 ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ оғоз кард.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо нафар мунҷар шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп