Дидори вазири иқтисоди Олмон бо амири Қатар; имзои қарордоди газии Олмон бо Қатар дар Давҳа
(last modified 2022-03-21T17:09:13+00:00 )
Март 21, 2022 22:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири иқтисоди Олмон бо амири Қатар; имзои қарордоди газии Олмон бо Қатар дар Давҳа
    Дидори вазири иқтисоди Олмон бо амири Қатар; имзои қарордоди газии Олмон бо Қатар дар Давҳа

Олмон бо баҳонаи коҳиши вобастагӣ ба Русия бо Қатар қарордоди газӣ имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангуи Вазорати иқтисодии Олмон якшанбешаб гуфт: Роберт Ҳабек вазири иқтисодии ин кишвар дар сафар ба Давҳа ва дидору гуфтугӯ бо шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ-амири Қатар қарордоди газӣ ба баҳонаи коҳиши вобастагӣ ба гази Русия имзо кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Олмон 55 дарсад аз гази масрафӣ ва 42 дарсад аз нефт ва ангишсанги масрафии худро аз Русия ворид мекунад.

Улоф Шултс-садри аъзами Олмон низ ахиран ба зарурияти воридоти энержи аз Русия ва ниёзи аврупоиҳо ба нефт ва гази ин кишвар эътироф карда буд.

Пеш аз ин Саъдул Каъби вазири энергетикаи Қатар дар канфронси гази Давҳа гуфт, ҷойгузини фаврии содироти гази Русия ба Аврупо тақрибан ғайримумкин аст.

Саъдул Каъби таъкид кард, дар сурате, ки содироти гази Русия ба Аврупо ба иллати ҷанг миёни Русия ва Украина мутавақиф шавад Қатар ва ҳеҷ кишвари дигар ин тавонро надоранд, ки халои содироти гази Русия ба Аврупоро бо газии табиъии моеъ пур кунад.

 

Барчасп