Баргузории нишасти фавқулодаи Шӯрои Амният дар бораи таҷовузи Туркия ба шимоли Ироқ ; сешанбе
(last modified Sun, 24 Jul 2022 08:12:56 GMT )
Июл 24, 2022 13:12 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти фавқулодаи Шӯрои Амният дар бораи таҷовузи Туркия ба шимоли Ироқ ; сешанбе

Шӯрои Амнияти Созмони Миллали сешанбе дар бораи таҷовузи Туркия ба шимоли Ироқ нишасти фавқулода баргузор мекунад .

Туркия дар солҳои ахир борҳо ба баҳонаи саркуби аносири ҳизби коргарони Курдистон ба хоки Ироқ таҷовуз кардааст .
Ин таҷовузҳо бо вокуниши шадиди давлати Ироқ ва дигар кишварҳои ҷаҳони мувоҷеҳ шудааст .
Танҳо дар ҳамлаи тӯпхонаии рӯзи чаҳоршанбеи артиши Туркия ба як маркази гардишгарӣ дар устони Даҳук  дастикам 9 ғайринизомӣ кушта ва 31 нафари дигар захмӣ шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири Ироқ бо маҳкум кардани ин ҳамла таъкид кард ин кишвар ҳақи комили худ дар посух ба таҷовузоти Туркияро маҳфӯз медонад .
 Аҳмад Алсаҳоф- сухангӯии вазорати хориҷаи Ироқ низ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии ин кишвар гуфт, ки Бағдод шикояте ба Шӯрои Амният ирсол карда ва аз он хоста, ки ҷаласаи фавқулода барои баррасии таҷовузи Туркия баргузор кунад .
 

 

Барчасп