Октябр 12, 2022 09:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори Путин ва Муҳаммад бин Зоид як ҳафта баъд аз тасмими OPEC+

Як ҳафта баъд аз тасмими ОПЕК+ барои коҳиши тавлиди нафту хашми Амрико аз ин тасмим, Муҳаммад бин Зоид, раиси Иморот дар Санкт Петербург бо раисиҷумҳури Русия дидор ва ройзанӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммад бин Зоид, раиси Имороти Арабии Муттаҳида, ки ба Русия сафар кардааст рӯзи сешанбе бо Владимир Путин дар Санкт Петербург дидор ва ройзанӣ кард.

Путин дар дидор бо Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳён гуфт, ки Маскав мехоҳад байни арза ва тақозо дар бозорҳои энержӣ тавозун вуҷӯд дошта бошад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Русия дар бозорҳои энержӣ алайҳи ҳеҷ кас гоми барнаме дорад ва ҳамеша ба ниёзҳои бозори энержӣ посух медиҳад.

Путин дар идома дар мавриди нақш Иморот гуфт, ки ин кишвари ҳошияи Халиҷи Форс нақши муҳиммеро дар минтақа ифо мекунад.

Муҳаммад бин Зоид низ дар ин дидор гуфт, ки Иморот мубодилаи тиҷорӣ бо Русияро ба ду баробар яъне 5 миллиард доллар расондааст.

Ин сафар дар шароите сӯрат гирифта, ки кишварҳои узви ОПЕК+, ки Иморот яке аз аъзои он аст бар хилофи хости Амрико бо коҳиши ду миллионии тавлиди нафт мувофиқат карданд.

Пеш аз ин шабакаи Алҷазира дар бораи ин дидор навишта буд, масъалаи энержӣ ва ҷанг дар Сурия ва Украина дар садри дастури кори дидори бин Зоид ва Путин аст.

Иморот то кунун талош карда дар бораи ҷанги Украина мавзеи хунсо бигирад.

 

Барчасп