Ҳамалоти артиши Туркия ба шимоли Сурия/ кушта шудани 11 тан аз аносури ҚСД
(last modified Sat, 21 Jan 2023 08:27:51 GMT )
Январ 21, 2023 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти артиши Туркия ба шимоли Сурия/ кушта шудани 11 тан аз аносури ҚСД

Артиши Туркия бахшҳое аз шимоли Сурияро, ки гуруҳҳои Сурия-демократик ( ҚСД ) дар онҷо мустақар ҳастанд, бомбаборон кард .

Артиши Туркия аз ҳудуди се соли пеш ба баҳонаи мубориза бо террористҳо бахшҳое аз манотиқи шимолу шимоли шарқи Сурияро ишғол карда ва ҳамчунон дар ин манотиқ ҳузур дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, артиши Туркия шомгоҳи ҷумъа ( дишаб ) пойгоҳҳои неруҳои Сурияи демократик дар шимоли Сурияро бомбаборон кард .
Бар асоси ин гузориш дар ин бомбаборон 11 тан ар аносири ҚСД кушта шуданд .
Артиши Туркия эълом кард ин иқдом дар вокуниш ба бомбаборони пойгоҳи низомии Туркия дар наздикии гузаргоҳи Ассалома дар шаҳри Аъзози Сурия тавассути аносури ҚСД сурат гирифтааст .Пеш аз ин неруҳои Сурия демократик маркази шаҳри Аъзоз ва пойгоҳи Туркия дар ин шаҳр ва ҳамчунин шаҳри Моръ дар ҷануби Аъзозро бо мӯшакҳои Град мавриди ҳадаф қарор дода буданд, ки мунҷар ба захмӣ шудани чанд тан шуд .
Ин дар ҳоле аст, ки давлати Сурия ҳузури неруҳои низомии Туркия дар шимоли Сурияро намунаи ишғолгаӣ дониставу борҳо хостори хурӯҷи онҳо шудааст .
Мардуму мақомоти Сурия ҳамчунин хостори хуруҷи аносури курди мавриди ҳимояти Амрико аз манотиқи таҳти ишғол ва таваққуфи дуздии нафт ва дигар  сарватҳои миллии Сурия тавассут онҳо ҳастанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп