Август 09, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Интиқоди Мадуро аз сукути сарони аврупоӣ дар қиболи иҳонат ба Қуръони Карим
    Таҳлил: Интиқоди Мадуро аз сукути сарони аврупоӣ дар қиболи иҳонат ба Қуръони Карим

Раисиҷумҳӯри Венесеэла дар суханоне аз сукути идомадори раҳбарони аврупоӣ дар қиболи иҳонат ба Қуръони Карим интиқод кард. Вай дар вокуниш ба ҳатаки ҳурмат ба соҳати Қуръон гуфт, ки аз сукути амиқи мақомоти аврупоӣ дар баробари тувҳин ба Қуръон мутаъасиф аст.

Мадуро дар идомаи суханонаш таъкид кард: Ман афроде, ки бо  сукути худ шарики ин ҷурм ҳастандро маҳкум мекунам ҳамонтавр, ки мо шоҳиди сукути сарони кишварҳоли аврупоӣ дар қиболи ин мавзӯъ ҳастем.

Вай таъкид кард: Ман аз масеҳиёни ҷаҳон мепурсам агар дар Суид ва Донморк ё кишварҳои дигар ибтикори амал барои сузондани китоби муқаддаси масеҳиёнро ба даст бигиранд, чӣ эҳсоси хоҳем дошт? Мадуро бо ишора ба ин масъала афзӯд: Ман ба унвони як масеҳи аз худам мепурсам, ки агар касе иқдом ба сузондани Инҷил кунад мо масеҳиён чӣ эҳсосе хоҳем дошт? Мо бисёр хашмгин хоҳем шуд ва агар касе кутуби муқаддасеро бисузонад тувҳини бузурге хоҳад буд. Ман дар эъмоқи қалам хашми мусалмонони ҷаҳон, вақте, ки мибинед Қуръони Каримро месузонанд дарк мекунам.

Мавзеъгирии сареҳи раисиҷумҳури  Венесеэла дар қиболи иҳонат ба Қуръони Карим, ки дар кишвари аврупоӣ ба вижа дар Суид ва Донморк  нишон диҳандаи ин амр аст, ки  ба рағми иддаъоҳои сарони аврупоӣ аз ҷумла руасои Суид ва Донморк дар бораи адами мамонеъат аз Қуръон сузӣ  ба баҳонаи озодии баён аммо ин амр дар миёни сарони кишварҳои мухолифи салта ва арзишҳои ғарбӣ монанди Венесеэла ин масъала ба ҳеҷ ваҷҳ пазирӯфта нест.

Бо вуҷӯди вокунишҳои густардаи мусалмонон  ва кишварҳои исломӣ ба масъалаи Қуръон сузӣ дар ду кишвари аврупои шимоли яъне Суид ва Донморк ва мухолифи сареҳи Созмони Миллал бо ин иқдоми иҳонатомез ва ҳатто қавлҳои мақомоти ин ду кишвар барои ҷилавгирӣ аз ин гуна иқдомот аммо исломситезон ҳамчунон мубодират ба иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим мекунанд. Ба ҳамин ҷиҳат Мадуро бо интиқоди аз нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон ҳамчунин таъкид кард, ки гурӯҳҳо ва ҷаноҳҳои рости ифротӣ ва нажодпараст дар кишвараҳои ғарбӣ, ки иқдом ба иҳонат ба Қуръони Карим мекунанд,маҳкум ҳастанд.

Ба рағми мавзеъгириҳои мусалмонон ва кишварҳои исломӣ ва ҳатто Созмони Миллал дар қиболи иҳонати авомили саҳюнизм монанди Мумико Селвон шаҳрванди ироқӣ, ки тобеъияти Суидро гирфита ва вобастагии вай ба Тел-Авив  то кунун се бор иқдом ба Қуръон сузӣ кардааст, аммо ҳанӯз ҳам кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаҳи озодии баён иҷозаи тувҳин ба муқаддасоти исломӣ  ба вижа Қуръони сузиро ба  душманон медиҳанд. Ҳимояти ғарбиҳо аз иқдоми тувҳиномези Қуръон сузӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Созмони Миллали Муттаҳид бо ин иқдоми шармовар ба мухолифат бархост. Муовини сухангӯи Созмони Миллал мегӯяд: Намояндаи олии иттиҳоди тамаддунҳои Созмони Миллали Муттаҳид , ба сурати сареҳ сузондани сафаҳоти Қуръони Карим дар қиболи масҷиде дар маркази Суидро маҳкум кардааст. Ӯ тасреҳ кард: Намояндаи олии Созмони Миллал мегӯяд, ки ин иқдоми зишт ва нопасанд бе эҳтироми ба мусалмононе аст, ки иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд, Фараҳон Ҳақ изофа кард:  Намояндаи Созмони Миллал бар аҳамияти ҳифзи озодии баён ба унавони як ҳақи асосии башар таъкид дорад аммо дар айни ҳол таъкид мекунад, ки ҳатаки ҳурмати кутуби муқаддас ва ибодагоҳҳо ва ҳамчунин намояндаҳои мазҳабӣ  ғайри қобили қабул аст ва метавонад мунҷар ба таҳрики хушунат шавад.

Ба назар мерасад ғарбиҳо ба таври омидона  тафовути байни озоди баён ва озодии тамасхур ва тувҳин ба муқаддасотро надида мегиранд. Нигоҳе ба меъёорҳои дугонаи Ғарб аз ҷумла Суид ва Донморк дар бораи озодии баён нишон медиҳад, ки ин масъала фақат замоне мисдоқ дорад, ки зери савол бурдан ва тувҳин ба мавзӯъоте, ки мадди назари Ғарб аст аз ҷумла исломҳаросӣ ва исломситези ва тувҳин ба муқаддасоти мусалмонон матраҳ  бошад ва дар ғайри ин маврид монанди масъалаи Ҳулукост ва ё мавзеъгири ба нафъи Русия дар ҷараёни ҷанги кунуни дар Украина, давлатҳои аврупоӣ ба шиддат алайҳи афроде, ки дар ин замина мавзеъгири ғайри мустақим ва  ғайри марсум ва мавриди пайгирии қазоӣ қарор мегирнад. Интиқоди шаддиди раисиҷумҳӯри  Венесеэла аз сукути сарони аврупоӣ дар қиболи иҳонат ба Қуръони Карим бори дигар моҳияти дугонаи меъёрҳои ғарбӣ дар бораи озодии баёнро ба намоиш гузоштааст.