Август 12, 2023 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии сафирони Созмони Ҳамкории Исломӣ аз иқдомҳои ҳаттокона зидди Қуръони Карим

Сафирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар дидор бо Комиссари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз идомаи иқдомҳои ҳаттокона зидди Қуръони Карим дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ, ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Баҳрайнӣ, намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Женева бо интишори паёме навишт: «Халили Ҳошимӣ, намояндаи Покистон ва ҳамоҳангкунандаи сафирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар дидор бо Фолкер Тюрк, Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид нигаронии амиқи худро дар бораи идомаи иқдомҳои ҳаттокона зидди Қуръони Карим дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ эълом кард.

Бар асоси гузориши паёми твиттерии намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Женева, сафирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ низ дар дидор бо Тюрк, бар лузӯми иҷрои комилу муассири қатъномаи 53/1 барои муқобила бо мазоҳирати нафрати мазҳабӣ таъкид карданд.

Сафирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ин ҳол, омодагии худро барои идомаи иҷрои қатъномаи 53/1, аз ҷумла аз тариқи ҳамкории мудовим бо Комиссари олии ҳуқуқи башар иброз карданд.

 

Барчасп