Октябр 28, 2023 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Лукашенко ба режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш дар бораи ҳамла ба Эрон

Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус ба режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш дар бораи ҳамла ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, ки чунин иқдоме мумкин аст, ки боиси бурузи ҷанги ҷаҳонии севум шавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лукашенко дар изҳороте, ки хабаргузории Belta ҷумъа мунташир кард, гуфт: Эҳтимоли ҷанги ҷаҳонии севум вуҷуд дорад ва мумкин аст, ки аз Ховари Миёна шурӯъ шавад. Чӣ гуна? Агар онҳо (Исроил ва Америка) ба Эрон ҳамла кунанд.

 Вай афзуд: Масъала ин нест, ки Эрон онҳоро таҳрик мекунад, балки ин аст, ки онҳо Эронро таҳрик ва хашмгин мекунанд.

 Раиси ҷумҳури Беларус гуфт: Оё далелҳое доред, ки Эрон пушти ҳамлаи (Ҳамос ба Исроил) буд? Агар доред ин шавоҳидро рӯйи миз бигузоред.

 Вай таъкид кард, ки то кунун шавоҳиде дар ин бора ба даст наомадааст.

 

Барчасп