Март 17, 2024 13:04 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Ғарб аз як соли пеш барои тахриби интихоботи Русия талош карда аст
    Маскав: Ғарб аз як соли пеш барои тахриби интихоботи Русия талош карда аст

Сухангуи Вазорати хориҷа Русия гуфт, ғарб аз як соли гузашта барои коршикани ва ихтилол дар интихоботи ин кишвар фаъолият карда аст.

Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Русия ба муддати серуз, дируз ҷумъа оғоз шудааст. Дар маҷмуи 93 ҳазору 920 шуъба барои ахзи раъии шаҳрвандони Русияи пешбини шудааст ки аз ин теъдод, 93 ҳазору 644 шуъба дар дохил ва 269 шуъба дар хориҷи ин кишвар ҳастанд ва ҳафт шуъбаи ахзи рай низ дар пойгоҳи фазойи боикунур фаъол хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории Тасс, Мария Захарова сухангуи Вазорати хориҷаи Русия рузи шанбе бо баёни ин ки мухолифони ғарбии Маскав аз як соли гузашта токунун талош кардаанд то интихоботи раёсати Ҷумҳурии Русияро мухтал кунанд, эълом кард: Ғарб бо истифода аз ҳар абзори мисли кампайни иттилооти ҷаъли гирифта то истихдоми мутахассисон ва нуфуз дар системаҳои иттилоотӣ ва тахрибҳои киберлетики барои зарбазадан ба Русия истифода мекунад аммо ҳеҷ чизе ба онҳо кумак нахоҳад кард.

Мария Захарова дар идома бо ишора ба ин ки иттиҳоди шаҳрвандони Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвари боиси хашми ғарб шудааст душманӣ ва нафратпарокании кишварҳои ғарби зидди Русияро ба бемории уфунати шабоҳат кард, ки ба тадриҷ дар ҳоли нобудкардани онҳо аст.

Дар ҳамин ҳол Анатолий Антонов сафири Русия дар Амрико бо баёни ин ки ҳакерҳо бо кумаки кишварҳои ғарби дарсадади ихтилол дар раванди интихоботи раёсати Ҷумҳурии Русия ҳастанд, гуфт: Иқдомоти кишварҳои ғайридуст дар баргузарии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Русия дар дохил ва хориҷ аз кишвар таъсири надорад.

Владимир Путин раиси ҷумҳурии кунуни, Николай Харитонов, ҳизби кумунист, Владислав Даванков ҳизби мардуми ҷадид ва Леонид Слуцкий ҳизби либерали демокрасй Русия номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд.

114 миллиону 212 ҳазору 734 нафари воҷиди шароити ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд, ки аз ин теъдод 112 миллиону 309 ҳазору 947 нафар дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Шумори шаҳрвандии руси воҷиди шароити ширкат дар ин интихобот дар хориҷи кишвар низ як миллиону 890 ҳазору 863 нафар гузориш шуда аст.     

11 ҳазору 924 шаҳрванди русии мустақар дар пойгоҳи фазойи боикунур дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.

Кули ҷамъияти Русия дар 1 январи 2023 камӣ беш аз яксоли қабл ҳудуди 146 миллионнафар буда аст.

Барчасп