Апрел 08, 2024 09:48 Asia/Dushanbe
  • Дархости дубораи Поп Франсис барои барқарории сулҳ дар Украина ва Борикаи Ғазза

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бори дигар барқарории сулҳ дар Украина ва Борикаи Ғаззаро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе дар килисои Ватикон зимни дархости сулҳи пойдор дар ҷаҳон бавижа дар Борикаи Ғазза ва Украина, аз мақомоти аршади сиёсии ҷаҳон хост барои поён додан ба хушунатҳо музокира кунанд ва барои миёнҷигарӣ ва музокира дар масири сулҳ дар Ғарби Осиё ва Украина талош кунанд.

Пештар Поп Франсис аз маҷомеи байналмилалӣ хоста буд, нисбат ба имдодрасонӣ ба мардуми Фаластин иқдомоти лозимро анҷом диҳанд.

 

Барчасп