Октябр 06, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар нақши Эрон, Русия ва Чин дар эҳёи “Роҳи Абрешими ҷадид”

Сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, гуфт, Эрон, Чин ва Русия ба унвони соҳибони тамаддуни куҳан ва ғанӣ, нақши муҳим дар тарҳи "Роҳи Абрешими ҷадид" ифо мекунанд.

Алибимон Иқболии Зорич дар конфронси байналмилалии «Роҳи Абрешим; Русия -Чин, таърих ва фарҳанг» дар Донишгоҳи Қазони ҷумҳурии Тотористон, эҳёи “Роҳи Абрешим” барои кишварҳои минтақаро бисёр муҳим донист ва афзуд, дар “Роҳи Абрешими ҷадид”, афзӯн бар ҳадафгузории иқтисодӣ бояд, заминаҳои мушорикати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бавижа дипломатияи умумӣ тавассути кишварҳои мухталифро низ дар назар гирифт ва барои таҳаққуқи аҳдоф дар ин арса ҳам талош кард.

Сарконсули Эрон дар Қазони Тотористон, ҳамчунин бо ишора ба раванди рӯ ба рушди равобити донишгоҳи Эрон ва Русия, гуфт, афзоиши қобили таваҷҷуҳи шумори донишҷуёни эронӣ дар ҷумҳурии Тотористон баёнгари ин мазият дар тавсеаи ҳамкориҳо аст, ки нишон медиҳад, метавон бо ҳамкорӣ, таомул ва таъмиқи муносиботи донишгоҳӣ, ояндаи хубе пеши рӯ дошт.

Тотористон дар минтақаи Волга ба пойтахтии шаҳри Қазон, аз ҷумҳуриҳои тавсеаёфтаи Русия аст.

 

 

Барчасп